Вакилон аз Ҷабборов хостанд, занони боздоштшударо раҳо кунад

Тазоҳурот зидди боздошти фаъолон. Бишкек, Қирғизистон.

Тазоҳурот зидди боздошти фаъолон. Бишкек, Қирғизистон.

Ҳудуди 20 вакили порлумони Қирғизистон аз президенти ин кишвар Содир Ҷабборов даъват карданд, ки бонувони фаъоли боздоштшуда дар робита ба обанбори Кампирободро озод кунад.

Дар ин бора вакили порлумони Достон Бекешев ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ хабар додааст.

Дар муроҷиатномаи вакилон гуфта шудааст, ки "занон дар фарҳанги Қирғизистон нақши махсуси таърихӣ доранд ва фаъолони боздоштшуда дар пешрафти кишвар саҳми арзанда гузоштаанд".

"Аз шумо хоҳиш менамоем, ки аз раҳбарони ниҳодҳои дахлдор талаб кунед, то қарорҳои қабулшударо бознигарӣ намуда, ҳукми ҳабси пешакии занонро тағйир диҳанд", - омадааст дар муроҷиатномаи вакилон ба президенти Қирғизистон.

Додгоҳи пойтахти Қирғизистон ахиран дархости тағйири ҳабси пешакии фаъолони боздоштшуда, аз ҷумла Гулнора Ҷӯрабоева, Атай Бейшенбек ва Алӣ Шабданро рад кард.

Моҳи октябри имсол дар шаҳри Бишкек чанде аз фаъолон ва сиёсатмадорон боздошт шуданд. Мақомот онҳоро ба "тайёрӣ ба ташкили бетартибиҳои оммавӣ" гумонбар мекунанд. Дар умум, дар доираи ин парванда 26 кас боздошт шудааст. Додгоҳ онҳоро барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифтааст.

Ин афрод барои, ба қавли онҳо, таъсиси кумитаи ҳифзи обанбори Кампиробод боздошт шудаанд.