Президенти Амрико интихоботи миёндавриро дар кишвараш "рӯзи хуб барои демократия" номид. Бино ба хабарҳои муқаддамотӣ, ҳузури демократҳо дар ҳарду палатаи маҷлиси Иёлоти Муттаҳида чандон кам нест.
Ҷо Байден эътироф кард, ки таваррум (инфлятсия) ва мушкилоти иқтисодӣ мавриди нигаронии интихобкунандаҳо мебошад, вале таъкид кард, ки "аксарият" дар Амрико ба дастгирии сиёсати ӯ овоз доданд.
Ӯ афзуд: "Ба назари ман, ин як рӯзи хуб барои демократия аст. Ва ин рӯзи хуб барои Амрикост."
Раиси ҷумҳури Амрико гуфт, пешбинии матбуоту назарсанҷиҳо дар бораи пирӯзии эҳтимолии қобили мулоҳизаи ҷумҳурихоҳон дуруст набаромад.
Натиҷаҳои пешакии интихобот ба ҳарду маҷлиси Конгресс – Маҷлиси намояндагон ва Сенат ҳарчанд баёнгари эҳтимолан пирӯзии андаки ҷумҳурихоҳон аст, ин ғалаба барои бартарият дар Конгресс имкон намедиҳад. Натиҷаҳои ниҳоии интихоботҳо дертар эълон мешаванд.