Як мақоми баландпояи низомии эронӣ гуфт, “нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ҳамеша таъкид кардаанд, ки артиши Тоҷикистон набояд аз паҳпод ё дронҳои “Ababil 2” дар баҳсҳои марзӣ истифода кунад”.
Хабаргузории расмии IRNA-и Эрон рӯзи 9-уми ноябр хулосаҳои суҳбатҳои телефонии фармондеҳи ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Эрон Муҳаммад Боқирӣ ва вазири дифои Қирғизистон Бактибек Бекболотовро нашр кард.
Ба навиштаи ин манбаъ, ки онро сомонаҳои қирғизистонӣ ҳам бознашр кардаанд, Боқирӣ дар суҳбат бо Бекболотов гуфтааст, дрон ё паҳподҳои эронии навъи “Ababil 2” танҳо қобилияти иктишофӣ доранд ва бо силоҳ ё дастгоҳҳои дифоӣ муҷаҳҳаз нестанд”.
Маълум нест, мавқеи Тоҷикистон ба ин суҳбатҳо чӣ гуна аст, чун аз баҳори имсол, ки ҷониби Эрон дар бораи дар Душанбе ба роҳ монда шудани истеҳсоли паҳподҳои навъи “Ababil 2 хабар” дода шуд, Тоҷикистон аз шарҳи ин мавзуъ худдорӣ кардааст.
Мансабдори низомии Эрон ҳамчунин гуфтааст, кишвараш омодааст, ҳамкориҳои ҳарбӣ ва иктишофиро бо тарафи Қирғизистон густариш ва таҳким диҳад.
Моҳи октябр Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иддаои як хабарнигори украиниро дар бораи инки паҳподҳои эронии истеҳсолшуда дар Тоҷикистон барои бомбаборони ҳадафҳои мулкӣ дар Украина ба кор меравад, рад кард. Вазора гуфт, Душанбе дар тавлид ё истеҳсоли дронҳои Эрон даст надорад ва ба кишвари севум таҷҳизоти низомӣ намедиҳад.
Тоҷикистону Қирғизистон, ки равобиташон бо сабаби номуайян мондани бахше аз марзи ду кишвар то рафт бадтар мешавад, ҳамдигарро дар истифодаи паҳподҳои эронию туркӣ гунаҳкор мекунанд ва мегӯянд, бо истифода аз ин силоҳ ҳадафҳои мулкӣ осеб мебинанд.
Ба навиштаи хабаргузории эронӣ, дар суҳбати телефонии мақомҳои интизомии Эрону Қирғизистон ба аҳамияти тақвияти ҳамкориҳои миёни артиши ду кишвар таъкид кардаанд.