Президенти Тоҷикистон ҳангоми кушодани бинои як қисми ҳарбии Вазорати корҳои дохилӣ аз чанд “хатари ҷиддӣ” ба кишвар ном бурд.
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, шомилшавии баъзе аз ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ ба таҳдиди ҷиддӣ табдил ёфтаанд.
Ба гуфтаи ӯ, мақомот дар пайи амалиёти махсус садҳо узв ва тарафдорони чунин гурӯҳҳоро боздошт кардаанд. Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамвора дар суҳбатҳояш аз ин хатар ёдрас мешавад. Баҳори имсол ҳам ӯ дар суҳбаташ дар вилояти Суғд ба мақомот супориш дода буд, ки "аз гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ пешгирӣ кунанд".
Созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ борҳо Тоҷикистонро танқид кардаанд, ки бо баҳонаи мубориза бо тундгароӣ фаъолон ва дигарандешонро саркӯб кардаанд.
Аз ҷумла, Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, журналистони боздоштшуда ба тундгароӣ муттаҳам мешаванд. Наздикон ва созмонҳои журналистӣ иттиҳомро алайҳи онҳо бофта медонанд.
Имсол дар пайи тазоҳурот ва нооромиҳо дар Бадахшон, даҳҳо нафар куштаву боздошт шуданд. Мақомоти интизомии Тоҷикистон онҳоро ба барангехтани нооромиҳо ва “узвият дар гурӯҳҳои ҷиноӣ” айбдор ва баъзеро ба солҳои дароз зиндонӣ карданд. Боздоштшудаҳо ва наздиконашон мегӯянд, гуноҳе накардаанд ва иттиҳомот беасос аст.