Намояндаи президенти Қирғизистон ба Кобул рафтааст

Намояндаи махсуси президенти Қирғизистон оид ба супоришҳои махсус Таалатбек Масадиқов барои мулоқот бо намояндагони гуруҳи Толибон ба шаҳри Кобули Афғонистон рафтааст.

Масадиқов дар ҷараёни ин сафар бо Аббос Истонакзай, муовини аввали вазири умури хориҷӣ, Абдуғанӣ Бародар, муовини сарвазир ва Абдусалом Ҳанафӣ, муовини раиси ҳукумати "Толибон", дидору гуфтугӯ кардааст.

Ҷонибҳо масоили амнияти минтақа, рушди муносибатҳои дуҷонибаи тиҷориву иқтисодӣ, равобити фарҳангӣ, долонҳои нақлиётӣ ва имкони ироаи кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистонро баррасӣ кардаанд.