Сафири Қирғизистон дар Олмон Омурбек Текебоев рӯзи 6-уми ноябр дар Раёсати тафтишоти Вазорати корҳои дохилии кишвараш ҳамчун шоҳид бозпурсӣ шудааст.
Вакили дифои Текебоев Чинара Жакупбекова дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, шахси зери ҳимояи ӯро дар доираи парвандаи аъзои Кумитаи мустақили ҳифзи обанбори Кампиробод бозпурсӣ карданд.
Текебоев қаблан аз фаъолон ва сиёсатмадорони боздоштшудаи Қирғизистон ҷонибдорӣ карда, хоста буд, ки онҳоро озод кунанд. Сафири қирғиз имзо гузоштааст, ки ҷузъиёти тафтишотро ошкор намекунад.
Вазорати умури дохилии Қирғизистон то ҳол ин хабарро шарҳ надодааст.