Мавлавӣ Абдулҳамид, рӯҳонии шинохтаи аҳли суннат дар Эрон хостори баргузории ҳамапурсӣ ва иҷрои тақозои эътирозгарон дар ин кишвар шудааст.
Дар Эрон наздики ду моҳ боз эътирози сокинон идома дорад.
Мавлавӣ Абдулҳамид дар хутбаи намози ҷумъа дар шаҳри Зоҳидон гуфт, ин ҳамапурсӣ бояд бо ҳузури нозирони байнулмилалӣ баргузор шавад, то бар асоси тақозои мардум дар сиёсатҳои Эрон тағйирот ворид шавад.
Ӯ аз мақомоти Эрон хост, ба садои мардуме, ки панҷоҳ рӯз боз эътироз доранд, гӯш кунанд.
Ҳукумати Эрон то ҳол дар бораи ин дархост чизе нагуфтааст.
Тазоҳурот дар Эрон пас аз марги Маҳсо Аминӣ, як духтари ҷавон оғоз шуд, ки бо далели “бадҳиҷобӣ” боздошт шуда буд.