Вазирони хориҷии кишварҳои узви “Гурӯҳи ҳафтгона” ё “G7” аз Беларус даъват карданд, ки аз кумак ба Русия дар ҳамла ба Украина даст кашад.
Изҳороти кишварҳои узви “G7” дар сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Олмон нашр шудааст.
Дар изҳорот гуфта мешавад, ки Беларус бояд ба Русия иҷозат надиҳад, то аз хокаш ба Украина мушакандозӣ шавад. Ин кишварҳо гуфтаанд, агар Беларус вориди ҷанги Украина шавад, таҳримҳои сахттар нисбаташ ҷорӣ хоҳад шуд.
Рӯзи 4-уми ноябр Александр Лукашенко гуфт, ки "1200 бор" таъкид кардааст, ки қасди фиристодани низомиёнашро ба Украина надорад.
Кишварҳои ғарбӣ Беларусияро барои кумак ба Русия дар ҷанги Украина танқид мекунанд.
Дар "Гурӯҳи ҳафтгона" ИМА, Канада, Бритониёи Кабир, Олмон, Фаронса, Италия ва Ҷопон шомил ҳастанд. Ин кишварҳо аз оғози таҷовузи Русия ба Украина 67 миллиард доллар кумак кардаанд.