Аз замони ҳуҷуми бедалели Русия ба Украина дар охири моҳи феврали имсол, Амрико дар умум ба Киев 60 миллиард доллар мадад кардааст. Агар дар интихоботи ҳафтаи оянда ҷумҳурихоҳон назорати яке ё ҳарду палатаи Конгрессро ба даст гиранд, ёриҳо зери фишор хоҳанд рафт.
Моҳи сентябр нерӯҳои украинӣ бо истодагарии сахте тавонистанд, артиши Русияро дар шимолушарқи вилояти Харков торумор кунанд. Заминаи ин пешрафтро иродаи қавии худи украиниҳо, тактикаи дурусти ҷанг ва силоҳҳои ғарбӣ фароҳам оварданд. Аз шурӯи ҷанг Иёлоти Муттаҳида назар ба кишварҳои дигари НАТО ба Украина ёрии бештар расонд, ки дар маҷмуъ зиёда аз 60 миллиард долларро ташкил дод.
Ин ёриҳо дар шароите расонда шуд, ки на ҳама дар Вашингтон ба давом додани ёриҳо розиянд. Дар ин масъала байни сиёсатмадорон зиддияти ҷиддӣ вуҷуд дорад ва эҳтимол ҳамин мавзуъ ба натиҷаҳои интихоботи Конгресс дар рӯзи 8-уми ноябр таъсиргузор шавад.
Ихтилоф аз инҷост, ки шумораи афзояндаи ҷумҳурихоҳон ва теъдоде аз демократҳо аллакай аз ёриҳои беохиру доимии Амрико ба Украина изҳори нигаронӣ мекунанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Оё СПАД метавонад, вориди қазияи Украина шавад?Бар пояи пурсишҳои афкори умум, имконияти ҷумҳурихоҳон барои пирӯзӣ дар интихоботи Маҷлиси Намояндагон, ки аз 435 курсӣ иборат аст, бисёр зиёд аст. Дар Сенат аз 100 курсӣ 34 курсӣ ҳадафи сабқат хоҳанд буд ва сарнавишти он феълан маълум нест. Демократҳо аз соли 2020 ба ин сӯ дар ҳарду палатаи Конгресси Амрико аксариятро ташкил мекунанд.
Аз ҳоло раҳбарони ҷумҳурихоҳҳо гуфтаанд, ки ёриҳои Амрико ба Украина бебаркаш буда наметавонад. Кевин МакКартӣ, ки дар сурати ғалабаи ҷумҳурихоҳҳо метавонад раҳбарии Маҷлисро ба даст гирад, дар як мусоҳибааш гуфт, “мардуме, ки дар ҳолати рукуди иқтисодӣ қарор мегиранд, ба осонӣ барои Украина пул ҷудо намекунанд”.
Дар сурати сари кор омаданаш МакКартӣ метавонад, бе ҳеч мушкил дар кумитаҳои буҷаву умури хориҷӣ шахсонеро таъин кунад, ки дилгармии зиёде барои мадад ба Украина надоранд.
Дар пурсишҳои афкори умум аксар амрикоиҳо гуфтаанд, барои онҳо мавзӯи таваррум, боло рафтани нархи бензин, афзоиши ҷинояткорӣ, бадтар шудани вазъи иқтисод хеле муҳим аст ва ин нигарониҳо бо шиорҳои доимии ҷумҳурихоҳҳо ҳамоҳанг мебошанд. Ба ҳар сурат, дар барномаҳои таблиғотии номзадҳо ё дар баҳсҳои телевизионҳои амрикоӣ мавзӯи ҷанг дар Украина ва масъалаҳои дигари байнулмилалӣ хеле кам матраҳ мешаванд.
Ҷон Ҳербст, сафири пешини Амрико дар Киев, изҳори назарҳои МакКартиро “нигаронкунанда” номид, вале пешбинӣ кард, ки бартарии ҷумҳурихоҳон ё демократҳо дар Конгресс ба ёриҳо барои Украина осеб намерасонад. Ӯ дар суҳбат бо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ (РАО/РО) гуфт, “агар дар барномаи кумак ба Украина коҳише дида шавад, ман хеле ҳайрон мешавам”. Чун, ба гуфтаи ӯ, “ба назар мерасад, ки бисёр ҷумҳурихоҳҳо зарурати ёриҳои низомиро хеле хуб дарк мекунанд”.
Митч МакКоннелл, дар сурати пирӯзии ҷумҳурихоҳон дар интихоботи Сенат, раҳбариро ба уҳда мегирад ва ин сиёсатмадор бо дастгирии ошкорояш аз ёриҳо ба Украина маъруф аст. Ӯ гуфтааст, ёрӣ ба Украина “сармоягузорӣ ба амнияти миллӣ”-и худи амрикоиҳо буда, “ҳукумати Байден ва ҳампаймонҳои мо бояд барои таъмини ниёзҳои Украина дар муқобили таҷовузи Русия” ёрии бештар расонанд.
Дар миёни демократҳо ҳам гурӯҳи хурде ҳаст, ки хостори гуфтушуниди Байден бо Кремл барои хатми ҷанг мебошад. Номае, ки ин гурӯҳ чандин моҳ пеш навишта буд, дар паи танқидҳо дар дохили демократҳо расонаӣ нашуд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Украина мегӯяд, Русия муҳтоҷи аслиҳаи Тоҷикистон шудаастВале ҳама гуна аломати ин ки Амрико шояд додани ёриҳои азимро ба Украина бозбинӣ кунад, президенти Русия Владимир Путинро нерӯ мебахшад. Ба бовари Роб Лӣ, як низомиву коршиноси Коллеҷи салтанатии Лондон, ҳама гуна паёмҳои Амрико дар таъсиргузорӣ ба Маскав муҳиманд ва агар “Кремлин донад, ки Амрико ба ёрии дарозмуддати Украина уҳдадор шудааст, ба эҳтимоли зиёд зудтар ба гуфтушунид омода мешавад”.
Баъзе аз қонунгузорони амрикоӣ бо ишора ба мушкили деринаи фасод дар Украина ва шеваи истифода шудани ёриҳои амрикоӣ изҳори шубҳа кардаанд. Даниел Вайдич, ки ширкаташ Yorktown Solutions дар Вашингтон аз номи украиниҳо амал мекунад, гуфт, барои аз байн бурдани чунин интиқоду нигарониҳо Киев ҳам бояд “беҳтар кор кунад” ва сарфи ёриҳоро бахусус дар бахши ғайринизомӣ гузориш диҳад.
Интихоботи Конгресс рӯзи 8-уми ноябр, дар байни муҳлати раёсатҷумҳурии Байдени демократ барпо мешавад ва ба ҳамин хотир миёндавраӣ ном гирифтааст. Дар таърихи интихоботҳо тақрибан ҳамеша чунин шудааст, ки ҳизбе, ки Кохи Сафедро назорат мекунад, дар интихоботҳои миёндавраии Конгресс мағлуб мешавад. Ҳамчунин, дар таърихи ҳама интихоботҳо мавзӯи иқтисод барои овоздиҳандагон муҳимтар аз ҳар чизи дигар будааст.
Бисёре аз иқтисоддонҳо гуфтаанд, ки агар дар моҳҳои наздик поинравии нишондодҳои иқтисодӣ идома кунад, расондани ёриҳои калонҳаҷм ба Украина мушкил мешавад. Ба бовари Уиллиам Кортнӣ, сафири собиқи Амрико ва таҳлилгари маркази таҳқиқотии RAND Corporation дар Вашингтон, пешрафти украиниҳо дар ҷанг, озод кардани қаламравҳои бештар аз дасти русҳову ошкор шудани ҷиноятҳои сангини онҳо метавонад, пуштибонии сиёсии Амрикову Аврупоро аз Украина нерӯ диҳад.