Дарвозаҳои Самарқандро барои ду рӯз мебанданд

Парчами кишварҳои узви созмони туркӣ

Раёсати пулиси шаҳри Самарқанд хабар додааст, ки рӯзҳои 10 ва 11-уми ноябри имсол роҳҳои даромад ба шаҳр баста хоҳанд шуд.

Ин тасмим ба далели баргузории нахустин саммити Созмони кишварҳои туркӣ дар Узбекистон гирифта шудааст.

Пештар хабар дода шуд, ки фурудгоҳи байнулмилалии Самарқанд аз 8 то 12-уми ноябр баста мешавад. Вазири корҳои хориҷии Туркия Мавлуд Човушоғлу охири моҳи сентябри имсол хабар дод, ки дар нишасти моҳи ноябр Туркманистон ба ҳайси узви комилҳуқуқ ба созмон пазируфта мешавад.

Созмони кишварҳои туркӣ соли 2009 ҳамчун Шӯрои ҳамкориҳои кишварҳои туркзабон таъсис шудааст. Дар ибтидо Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркия узви он буданд.

Узбекистон соли 2019 ба он ҳамроҳ шуд.

Дар нишасти соли 2021, ки дар шаҳри Истанбули Туркия баргузор шуд, ин шӯро ба Созмони кишварҳои туркӣ табдили ном кард.