Лаҳистон дар сарҳад бо Русия девор месозад

Девори сохтаи Лаҳистон (Полша) дар сарҳад бо Беларус

Лаҳистон (Полша) дар марзи 210-километрияш бо Русия девор месозад. Сохтмон дуюми ноябр шуруъ шудааст.

Мариуш Блашак, вазири мудофиаи Лаҳистон, дар ин бора дар нишасте дар Варшава иттилоъ дод.

Вай гуфт, тасмими Русия дар бораи оғози парвозҳо аз Ховари Миёна ва Африқо ба Каленинград онҳоро водор кард, ки чораҳои амниятӣ биандешанд.

Мақомоти Лаҳистон мехоҳанд, ба ин восита аз даромадани муҳоҷирони зиёде ба ин кишвари аврупоӣ низ пешгирӣ кунанд.

Баландии девор дар марзи Лаҳистон бо Русия 2,5 метр хоҳад буд.

Соли гузашта дар марзи Лаҳистон бо Беларус ҳазорон муҳоҷир ҷамъ омада, сарҳади ин кишвари аврупоиро гузаштанд.