Украина. "Запорожйе" боз аз ҳалқаи энергетикӣ ҷудо шудааст

Вилояти Донетски Украина, 2-юми ноябри 2022

Нерӯҳои Русия рӯзи 3-юми ноябр ҳамлаву зарбаҳои ҳавоиро ба мавқеъҳои сарбозони Украина зиёдтар кардаанд.

Ба гуфтаи низомиёни украинӣ, дар натиҷа зербунёдҳои ғайринизомӣ осеб диданд.

Ба сабаби вайрон шудани хати баландшиддати нерӯи барқ, нерӯгоҳи атомии “Запорожйе” дигарбора аз ҳалқаи энергетикӣ ҷудо шудааст ва айни замон фақат бо генераторҳо кор мекунад.

Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Украина рӯзи 3-юми ноябр гуфт, набардҳои сахте дар шарқи кишвар идома доранд ва сарбозони рус дар шаҳрҳои Бахмут, Адвеевка ва Новопаливка ба ҳамлаҳои ҷавобӣ гузаштаанд.

Ба қавли онҳо, Русия ҳамчунин ба 12 маҳаллаи вилоятҳои Донетск ва Луганск ҳамла кард ва нерӯҳои Украина ин ҳамлаҳоро бозгардондаанд.