Боздошти як мард дар Душанбе ба гумони қатли духтари ноболиғаш

Бинои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.

Кормандони пулис дар шаҳри Душанбе як мардро ба иттиҳоми куштори духтари ноболиғаш боздошт карданд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки Гурез Саидов, сокини 66-сола ноҳияи Шоҳмансури пойтахт рӯзи 28-уми октябр духтари 11-солаи худро бо чуб ва тасма лабукуб карда, ба ҳалокат расонидааст.

Дар як гузориши телевизионӣ ин мард иқрор шудааст, ки вақте маблағҳояш аз хона гум шуд, дар ин кор аз духтари ноболиғаш гумонбар шуд ва хост ӯро ҷазо диҳад. Баъдан ба сару бадани духтари ноболиғ бо чуб ва тасма зад. Тибқи гузориши ВКД, "ин наврас дар пайи латукуб ва муносибати бераҳмонаи падар ба ҳалокат расидааст".

Маълум нест, ки ин нишондоди мард дар чӣ шароите ба даст омадааст. Мақомот алайҳи ин мард бо моддаи куштор парванда боз кардаанд.

Дар як соли охир дар Тоҷикистон беш аз панҷоҳ нафар барои ҷабр ба фарзандон дастгир шуда, иддае зиндонӣ гардидаанду дигарон ҷарима пардохтаанд. Ҳамчунин даҳҳо нафари дигар аз ҳаққи падариву модарӣ маҳрум шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон рафтори онҳоро бемасъулиятӣ меноманд. Дигарон пайомади мушкили иҷтимоӣ медонанд, аз ҷумла бекориву фақр.

Чунин рӯйдодҳо ҳар чанд вақт расонаӣ шуда, таваҷҷуҳи мақомоту ҷомеаро барои муддате ба худ мекашанду дубора ба гӯшаи фаромӯшӣ мераванд. Кӯдакон мемонанду мушкилашон.

Равоншиносон мегӯянд, ҷомеа набояд бераҳмиро бар кӯдакон таҳаммул бикунад. Ҷомеашиносон бовар доранд, ки дар солҳои наздик ин мушкилро комилан аз байн бурдан имкон надорад, вале то ҳадде кам кардан мумкин аст.