Дар як маҳаллаи фақирнишини Кобул омӯзгорону фаъолон барои таълими духтарон мактаби пинҳонӣ ташкил кардаанд.
Баъди расидани Толибон ба қудрат дар Афғонистон дар тобистони соли 2021, таҳсили духтарони синнашон аз 11 соло дар мактабҳои ин кишвари ҳамсояи Тоҷикистон манъ шуд. Ҳокимони нави Афғонистон чанд бор ваъда доданд, ки ба духтарон иҷозаи таҳсил медиҳанд, аммо то ҳанӯз қуфли дари мактабҳоро накушодаанд. Созмону кишварҳои байнулмилалӣ рафтори Толибонро танқид мекунанд.
“Моро бисёр азият медиҳанд. Чанд бор макони таҳсилро иваз кардем. Вақте огоҳ мешуданд, ки тадриси пинҳонӣ мекунем, аввал ба воситаи вакили минтақа, муллои масҷид паём мефиристоданд. Баъдан худашон омада, таҳдид мекарданд,” – гуфт яке аз ташаббускорони мактаби пинҳонӣ.
Зиёда аз 100 муҳассил дар ин мактаби пинҳонӣ дар Кобул дарс мехонанд. Хонандаҳо ва омӯзгорон ба далоили амниятӣ намехоҳанд, ки шахсияташон ошкор шавад.
Яке аз онҳо гуфт: “Мо аз оянда умед дорем. Мо наметавонем, барои ин ҳукумат зиндагии худро пушти сар гузорем ва аслан талош накунем. Ба ҳамин далел, пинҳонӣ ё ба ҳар ҳолате, ки ба сарамон меояд, дарси худро мехонему ба оянда маҳкамтар пеш меравем.”
Баъди бозгашт ба қудрат, Толибон дигарбора қоидаҳои иртиҷоии худро дар Афғонистон ҷорӣ карданд. Духтарон аз ҳаққи хондан ва занон аз ҳаққи кор дар идораҳои зиёде маҳрум шуданд.
Рино Амирӣ, фиристодаи хоси Амрико барои Афғонистон, дар як навиштааш дар Твиттер аз Толибон хост, ба духтарон имкони таҳсил бидиҳанд.
Ӯ гуфт: “Толибон, ки нисфи аҳолиро аз ҳаққи таҳсил ва кор маҳрум кардаанд, даъво доранд, ки Афғонистонро ба сӯи истиқлоли иқтисодӣ мебаранд. Таҳсили тамоми мардуми афғон, аз ҷумла духтарон, калиди аслии раҳоии Афғонистон аз камбизоатӣ ва умед ба ояндаи хуб аст.”
Толибон борҳо ваъда додаанд, ки мактабҳоро бо шарти риояи қонунҳои шариат ба рӯйи духтарон боз мекунанд. Бо гузашти бештар аз як сол ҳанӯз маълум нест, ки кай ва ба чӣ шарте ба духтарон иҷозаи таҳсил дар мактаб дода мешавад.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад