Хабарнигори "Озодлик", бахши узбекии Радиои Озодӣ, рӯзи 31-уми октябр бо Дмитрий Гордон суҳбат кард ва назари ӯро ба вокуниши ҷониби Тоҷикистон пурсид.
Дмитрий Гордон: "Эҳтимол ба кишварҳои сеюм намефиристанд. Суоли ман ин аст, ки ба кишварҳои аввал, дуюм ва чорум чӣ? Тамоми ҷаҳон хабар дорад, ки дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли дронҳои эронӣ вуҷуд дорад. Тамоми ҷаҳон медонад, ки Русия аз Эрон дрон мехарад. Тамоми ҷаҳон медонад, ки бо мадади дронҳои эронӣ Русия аҳолии мулкии Украинаро мекушад ва зерсохторҳои кишвари моро бомбаборон мекунад. Боз чӣ гуфтан даркор? Ҳама чиз маълум аст.”
"Озодлик": Мақомоти Тоҷикистон дар бораи истеҳсоли дронҳо чизе намегӯянд. Як хабарнигор ба қарибӣ дар Твиттер навишт, ки Тоҷикистон гуё истеҳсоли бесарнишинҳоро боздошт...
Дмитрий Гордон: “Кай боздошт? Ман аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват мекунам, дар ин бора таҳқиқот гузаронанд. Маълум кунанд, ки чӣ навъи дронҳо дар Тоҷикистон истеҳсол мешаванд ё мешуданд. Дар хоки Тоҷикистон корхонаи кадом кишваре ҷой дода шудааст ва дронҳои истеҳсолшуда ба куҷо бурда мешаванд.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Озодлик": Далели ин иддаоро доред, ки Тоҷикистон дронҳои истеҳсолкардаи худро ба Русия интиқол медиҳад?
Дмитрий Гордон: “Ман маълумоти инро дорам, ки Эрон дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли дронро ба роҳ мондааст. Ҳамчунин маълумот дорам, ки эрониҳо дронҳои худро ба Русия мефурӯшанд ва Русия хоки Украинаро бо дронҳои эронӣ бомбаборон мекунад. Ин дронҳо, ки дар Сурия истеҳсол мешаванду Исроил корхонаашро бомбаборон кард, дар Эрон ва Тоҷикистон ҳам истеҳсол шуда метавонанд.”
"Озодлик": Манбаъҳои Шумо то куҷо қобили эътимод ҳастанд?
Дмитрий Гордон: “Манбаъҳои ман ҳамеша қобили эътимоданд.”
Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон дар бораи таъсиси корхонае бо ҳадафи истеҳсоли дронҳо хабар ё изҳороте надодаанд.
Расонаҳои эронӣ моҳи майи имсол гузориш доданд, ки дар Душанбе корхонаи тавлиди дрон ё ҳавопаймоҳои бесарнишини "Абобил-2" боз шудааст. Ба иттилои онҳо, дар ин маросим вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ва сардори Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон Ҳусейн Боқирӣ ширкат карданд. Акси якҷои онҳо низ нашр шуд.
Як генерали тоҷик, ки дар мақомҳои баланди низомии ҳукумати Тоҷикистон кор кардааст, рӯзи 1-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, “ҳанӯз истеҳсол нест”.
Фаридун Маҳмадализода, сухангӯйи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, бо баёни онки “Вазорати корҳои хориҷӣ назарашро дар ин бора аллакай гуфт” маълумот надод.
Ба навиштаи баъзе аз расонаҳои ғарбӣ, дрон ё ҳавопаймои бесарнишини "Абобил-2" “аз навъҳои нисбатан арзон" ба шумор меравад. Он солҳои 1990 тавлид шуда, таҳлилгарон истифодаашро "содда ва муносиб" медонанд.
Ба навиштаи "Дипломат", дронҳое, ки дар хоки Украина истифода мешаванд, на “Абобил-2”, балки бесарнишинҳои навъи “Шаҳид 136” ва “Муҳоҷир-6” мебошанд. “Шаҳид 136” нисбатан нав буда, онро нерӯҳои Русия ба номи “Геран-2” ҳам истифода мекунанд.