Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, Душанбе дар тавлид ё истеҳсоли дронҳои Эрон, ки Русия ҳафтаҳо боз дар ҷанги Украина истифода мекунад, даст надорад.
Дмитрий Гордон, рӯзноманигори шинохтаи украинӣ, рӯзи 29-уми октябр дар барномааш (Дар меҳмонии Гордон) дар Ютуб иддао кард, ки Тоҷикистон ба тавлиди паҳподҳои Эрон мадад мекунад ва Русия бо истифода аз ин бесарнишинҳои зарбазан шаҳру деҳаҳои Украинаро мавриди ҳамла қарор медиҳад.
"Мо суханони Дмитрий Гордонро дар бораи тавлиди ҳавопаймоҳои бесарнишини Эрон дар Тоҷикистон рад мекунем," – омадааст дар баёнияи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Дар шарҳи вазорат аз 30-юми октябр омадааст: "Мо таъкид менамоем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои сеюм таҷҳизоти низомӣ намефиристад."
Шарҳи ВКХ-и Тоҷикистон дар ҳоле мунташир мешавад, ки бар пояи суханони рӯзноманигори украинӣ чандин расона навиштанд, ки дрон ё бесарнишинҳои "камикадзе" ё "худкуш"-е, ки Русия дар ҷанги Украина истифода мебарад, аслан тавлиди Эрон буда, дар Тоҷикистон истеҳсол ва аз он ҷо ба Русия фиристода мешавад.
Пештар Дмитрий Гордон гуфта буд, паҳподҳо дар Узбекистон тавлид ва аз он ҷо ба Русия расонда мешаванд. Ҳукумати Узбекистон ин суханони ӯро рад кард. Биноан, Гордон дар барномаи дигар эълон дошт, ки манзураш Тоҷикистон буд, вале дар забонаш Узбекистон садо дод.
"Мо тавсия медиҳем, ки ҷаноби Гордон минбаъд ба чунин шарҳҳо бодиққат муносибат кунад ва дурустии иттилооти паҳншударо тафтиш кунад,” -- гуфта мешавад дар шарҳи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Идораи сиёсати берунаи Тоҷикисон ҳамчунин гуфта, ки дар ин бора аз Киеви расмӣ ҳеч дархосте нагирифтааст.
Расонаҳои Эрон моҳи майи имсол гузориш дода буданд, ки Теҳрон дар Тоҷикистон корхонаи тавлиди дрон ё ҳавопаймоҳои бесарнишини "Абобил-2" кушодааст. Мақомоти Тоҷикистон дар бораи ин корхона ва фаъолияту маҳсулоташ то ҳол чизе нагуфтаанд.
Гуфтугӯ