Ҳукумати Ҷопон тасмим гирифтааст, ки ба Қирғизистон 1 миллион доллар мадад кунад.
Дар хадамоти матбуотии сафорати Ҷопон дар шаҳри Бишкек ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтанд, ин ёрӣ барои сокинони вилояти Бодканд хоҳад буд, ки дар натиҷаи низоъ дар сарҳад бо Тоҷикистон зарар дидаанд.
Рӯзҳои 14-17-уми сентябр дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон низоъ бархост.
Мақомоти Тоҷикистон дар бораи кушта шудани беш аз панҷоҳ нафар ва захмӣ шудани тақрибан 200 кас хабар хабар доданд. Радиои Озодӣ номи 83 кушташударо гирд овард.
Қирғизистон дар бораи кушта шудани 63 нафар гузориш дод. Бештар аз 200 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.
Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон якдигарро ба сар задани низоъ айбдор мекунанд. Ду тараф бар сари таъини хати марз баҳс доранд. Аз тақрибан ҳазор километр сарҳад бахше аз он таъйину нишонагузорӣ нашудааст.