Додгоҳи олии Қазоқистон шикояти ду фаъоли маданиро зидди Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии ин кишвар барои сабтином накардани номзадҳои худпешбар ба мақоми президентӣ рад кард. Фаъолон Антон Фабрий ва Умар Жумагулов рӯзи 21-уми октябр ба зидди КМИР шикоят бурда буданд.
Ба гуфтаи Фабрий, онҳо 6-уми октябр барои сабтиноми номзадии худ тариқи худпешбарӣ ба мақоми президентии Қазоқистон ба КМИР рафтанд. Аммо масъулони Кумисюн 11-уми октябр дархости онҳоро рад карданд.
Интихоботи пеш аз муҳлати Қазоқистон рӯзи 20-уми ноябри имсол баргузор хоҳад шуд.
Президенти ҳозираи Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев, раҳбари Пажӯҳишгоҳи иқтисодии маҷмааи байнулмилалии илмии Остона Майрам Кажикен, Нурлан Ауесбоев аз ҷониби Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократи Қазоқистон ва Жигули Дайрабоев аз ҳизби ҳукуматгарои "Ауил" номзадии худро ба мақоми президентӣ пешбарӣ кардаанд.
Аз замони касби истиқол дар соли 1991 ҳеч интихобот дар Қазоқистон аз сӯи нозирони ғарбӣ озод ва одилона баҳо дода нашудааст.