Парвандаи фаъоли бадахшонӣ Ораз Вазирбековро, ки чаҳор моҳ пеш дар шароити мармуз дастгир шуд, барои муҳокима ба додгоҳ фиристодаанд.
Санаи мурофиа ҳанӯз маълум нест.
Наздиконаш рӯзи 31-уми октябр гуфтанд, Вазирбеков ба “тундгароӣ тавассути Интернет” ва “гирифтани пули хайрия” гумонбар аст, вале худашу иттиҳомро рад мекунанд.
Ораз Вазирбеков ҳамроҳи фаъоли дигари бадахшонӣ, Рамзӣ Вазирбеков, дар охири моҳи июли имсол дар Русия нопадид шуда, дертар дар Тоҷикистон “ёфт шуд”.
Онҳо дар наворе, ки маълум нест, дар чӣ шароит сабт шудааст, гуфтанд, "ихтиёрӣ баргаштанд", вале наздиконашон мегӯянд, "саҳнасозӣ буд".
Ин ду фаъоли бадахшонӣ бо назари танқидияшон дар бораи мақомоти Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ шинохта буданд.
Пас аз тазоҳурот ва нооромиҳои моҳи майи имсол дар Бадахшон, ки бо марги даҳҳо нафар анҷомид, мақомоти интизомии Тоҷикистон садҳо нафар, аз ҷумла фаъолони мадании бадахшониро дастгир ва ба иттилои Додситонии кул то ин дам 77 нафарро ҷазо додаанд. Боздоштшудаҳо ва наздиконашон мегӯянд, иттиҳомот беасос аст.