Дар ҳоле ки масъулони ширкати “Барқи Тоҷик” дар гузашта сокинонро барои саривақт насупоридани ҳаққи истифодаи барқ танқид карда буданд, дар ноҳияи Фархор идораҳои давлатӣ, аз ҷумла бинои ҳукумат, қарздор мондааст. Ин вазъ сокинони одиро, ки барои қарздорӣ барқашон хомӯш мешавад, дар ҳайрат гузошта.
"Пули дувумдараҷа"?
Бинои ҳукумати ноҳияи Фархор дар ҷануби Тоҷикистон аз истифодаи нерӯи барқ зиёда аз 22 ҳазор сомонӣ, муодили ду ҳазор доллар, қарздор аст. Мақомот мегӯянд, ин қарз дар нӯҳ моҳи имсол ҷамъ шудаасту ба зудӣ хоҳанд супурд. Раиси ноҳия тобистони имсол айни ваъдаро дода буд, вале қарз натанҳо кам нашуд, балки афзуд.
Зариф Назирӣ, раиси ноҳияи Фархор дар нишасти матбуотияш дар тобистони имсол чунин гуфта буд: “Якум масъалаи гуфтаатон дуруст. 16 ҳазору 372 сомонӣ (он вақт) қарздор ҳастем. Вақте сарфи маблағҳои дуюмдараҷаро иҷозат медиҳанд, мепардозем.”
Ҳоло аз идораи барқ танҳо бинои ҳукумати маҳаллӣ қарздор нест. Радиои Озодӣ ба рӯйхате даст ёфт, ки ба ҷуз чаҳор идораи расмӣ дигар ҳама барқро истифода кардаанду моҳҳо боз пулашро надодаанд.
Қарзи идораҳои буҷетӣ дар ноҳияи Фархор аз истифодаи барқ то аввали моҳи октябр ба зиёда аз 600 ҳазор сомонӣ расидааст.
"Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пурра қарздоранд"
“Як мо не, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пурра қарздор аст, идораи тандурустӣ ҳам қарздор. Ҳамаи қарзҳоро пардохт мекунем. Ин пулҳои буҷетӣ аст, буҷет пурра пардохт мекунад, проблема нест,” – гуфт раиси ноҳияи Фархор, вале шарҳ надод, ки чаро ин вазъ имсол пеш омада.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон ҳамвора сарфакории барқу саривақт супоридани пули истифодаи онро талқин мекунанд. Сокинон мегӯянд, агар пули барқро саривақт надиҳанд, бе рӯшноӣ хоҳанд монд ва мепурсанд, чаро барқи ҳукумати маҳал қатъ намешавад?
Қаблан ширкати "Барқи Тоҷик" иддао карда буд, ки аҳолии кишвар аз истифодаи барқ миллионҳо сомонӣ қарздоранд. Коршиносон борҳо омори қарздории аҳолиро аз барқ зери шубҳа гузошта, сабабҳои ин мушкилро ба мудирияти нодуруст пайванд додаанд.
Дар айни замон баъзе аз кормандони ширкат бе зикри номи худ мегӯянд, қарзҳои зиёд умдатан аз корхонаву шахсонест, ки ба хешовандони мансабдорони баландпоя тааллуқ доранд. Мақомот ин гуна танқидро қабул надоранд.
Масъулони “Шабакаҳои тақсимоти барқ” мегӯянд, ба ҷуз аз аҳолӣ, Ширкати Алюминийи Тоҷик, Оҷонси беҳдошти замину обёрӣ ва Обу корези ҷумҳурӣ қарздорони калон аз истифодаи барқ ҳастанд.