Ду хабарнигорро дар Эрон ба "хиёнат ба давлат" муттаҳам карданд

Маҳсо Аминӣ моҳи сентябри имсол ба гумони "бадҳиҷобӣ" дастгир ва пас аз се рӯз дар ҳоли беҳушӣ даргузашт

Мақомоти Эрон ду рӯзноманигореро, ки бори аввал дар бораи марги Маҳсо Аминии 22-сола гузориш дода буданд, ба хиёнат ба давлат ва ҳамкорӣ бо Идораи истихборотии Амрико муттаҳам карданд. Тибқи қонунҳои Эрон, ба онҳо ҳукми эъдом ё қатл таҳдид мекунад.

Пештар Теҳрон Вашингтонро ба ташкили тазоҳуроти норозиён пас аз марги Маҳсо Аминӣ муттаҳам карда буд.

Нилуфар Ҳамидӣ ва Илоҳа Муҳаммадӣ пас аз марги Аминӣ ва оғози эътирозҳои оммавӣ боздошт шуданд. Гумон меравад, онҳоро дар зиндони Эвин нигоҳ медоранд.

Мақомоти Эрон дар баёнияе хабарнигоронро ҷосусҳои CIA (Идораи истихбороти Амрико) номидаанд. Дар он ҳамчунин иддао мешавад, тазоҳуроте, ки беш аз як моҳ боз дар Эрон ҷараён дорад, аз сӯи CIA, "Моссад" (Идораи истихбороти Исроил) ва ниҳодҳои ҷосусии кишварҳои ғарбӣ созмон дода шудааст.

Дар умум, аз оғози эътирозҳо дар Эрон беш аз 40 хабарнигорро дастгир кардаанд.

Эътирозҳо дар саросари Эрон пас аз марги Маҳсо Аминии 22-сола дар моҳи сентябри имсол оғоз шуд. Ӯро пулиси ахлоқи Эрон ба гумони "бадҳиҷобӣ" дастгир карда, пас аз се рӯз ҷасадашро ба наздикон дод. Мардум маъмурони пулисро ба марги ӯ муттаҳам мекунанд.

Дар ҷараёни пароканда кардани эътирозҳо, аз ҷумла бо истифода аз силоҳи оташфишон, беш аз 200 кас ҷон бохтаанд.