Фоҷеа дар як оила сокинони шаҳри Панҷакентро такон дод.
Мақомоти интизомӣ дар онҷо ду хоҳарро дастгир кардаанд, ки ба қатли бародари беморашон муттаҳам мешаванд.
Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 26-уми октябр хабар дод, ки хоҳарони 58 ва 49-сола аз деҳаи Мазори Шариф баъди муноқиша бо бародарашон, ки бемории рӯҳӣ доштааст, сари ӯро аз тан ҷудо кардаанд. Мақомот изҳороти видеоии онҳоро намоиш доданд, вале маълум нест дар чӣ шароите сабт шудааст.
Ба нақли онҳо, ҳодиса рӯзи 17-уми сентябри имсол ва ҳангоми хуруҷи бемории равонии бародар сар задааст.
Ба иттилои маъмурони пулис, хоҳарон аввал гуфтаанд, бародарашон худкушӣ кард, аммо баъдан иқрор кардаанд, ки онҳо ӯро куштаанд. Назари пайвандони онҳо ба Радиои Озодӣ маълум нест.
Мақомот мегӯянд, хоҳарон дар хонаи падар зиндагӣ мекарданд ва пайваста аз дасти бародари бемор ранҷ мекашидаанд.
Бино ба омори расмӣ, дар Тоҷикистон 45 ҳазор беморони равонӣ сабт шудаанд ва тақрибан 11 ҳазори онҳо кӯдакон будаанд. Мақомот эътироф кардаанд, ки барои кӯмак ба беморони равонӣ дар кишвар ба 282 табиб эҳтиёҷ доранд. Ҳоло фақат 75 пизишк дар ин самт кор мекардааст.