Хотироти Бобои Нодирхон аз бӯҳрони Карриб: "Ҷаҳон дар остонаи як ҷанги атомӣ қарор дошт". ВИДЕО, АКС

Акси давраи хидмати Нодирхон Ҳусенов дар Куба. Солҳои 1960

Нодирхон Ҳусейнови 83-сола дар ноҳияи Дарвоз гоҳе кӯчаҳои Ҳавана, пойтахти Кубаро ёд мекунад ва ҳам рӯзҳоеро, ки ҷаҳон дар рӯбарӯи нобудии атомӣ қарор дошт.

Моҳи октябри соли 2022 аз буҳрони Куба 60 сол пур мешавад. Ин ташаннуҷи сиёсӣ, ки онро чун «Бӯҳрони Карриб» ё «Бӯҳрони мушакии Куба» ҳам ёд мекунанд, рӯзҳои 16-29 октябри соли 1962 давом кард ва як рӯёрӯии 13-рӯзаи миёни ИМА ва СССР буд, ки дар пайи ҷобаҷо кардани мушакҳои миёнапарвози Шӯравӣ дар хоки Куба оғоз шуд. Аз ин буҳрон аксар ба унвоне воқеае ёд мекунанд, ки метавонист Ҷанги Сардро ба як як ҷанги атомӣ мубаддал кунад.

Дар ноҳияи дурдасти Дарвози Тоҷикистон марде зиндагӣ мекунад, ки шоҳиди бевоситаи ин ҳама таҳаввулот буд.

Нодирхон Ҳусейнови 83-сола дар деҳаи Зиғари ноҳияи Дарвоз гоҳе кӯчаҳои Ҳавана, пойтахти Кубаро ёд мекунад ва ҳам рӯзҳоеро, ки ҷаҳон дар рӯбарӯи нобудии атомӣ қарор дошт. Саргузаштҳои пурпечутоби худи Бобои Нодирхон ҳам қобили шунидан аст ва наберааш, ки дар канораш истодааст, ботаваҷҷӯҳ ин ҳамаро гӯш мекунад. Бобои Нодирхон соли 1939, ҳамон соле, ки Олмони нозӣ ба Полша ҳуҷум кард, дар деҳаи Зиғари ноҳияи Дарвоз таваллуд шудааст.

“То синфи дуюм дар ҳамин қишлоқ кӯдакиро гузарондам, - мегӯяд Нодирхон Ҳусейнов. - Аз синфи дуюм зиндагӣ маҷбур кард, чунки давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон буд, гушнагӣ бисёр буд, рафтуомад набуд, модарамон маҷбур шуданд, то аз гушнагира намирем, ба ноҳияи дигар кӯчидем». Аз нуҳсолагӣ оилаи Ҳусейновҳо ба Дашти-Ҷум, ҳоло ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар минтақаи Кӯлоб кӯчид. Баъди як соли таҳсил ӯро ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ дар Душанбе, аз он ҷо ба Шаҳринав, аз Шаҳринав ба мактаб-интернати ноҳияи Темурмалик (Совети собиқ) бурданд. Мактабро дар Темурмалик хатм карда, барои шомил шудан ба донишгоҳ ба Қазоқистон рафт.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Хотироти пирамарди дарвозӣ аз буҳрони Куба

Нодирхон Ҳусейнов мегӯяд, дар имтиҳони дохилшавӣ натавонист ба ҳамаи саволҳои комиссияи қабул ҷавоб диҳад, дохил нашуд, вале дар Қазоқистон монд. Бо зани русе издивоҷ карда ба зодгоҳи ҳамсараш шаҳри Кемерово кӯчид. Аз он ҷо соли 1961 ӯро ба хидмати ҳарбӣ даъват карданд.

«Повестка доданд, дигар рост бурданд Печенга (деҳае дар вилояти Мурмански Русия) ба сарҳади Финляндия, баъд аз онҷо гардонида оварданд дар вилояти Мурманск. Дар он ҷо дар соҳаи алоқа - радист хондем”, мегӯяд Ҳусейнов.

Пас аз шаш моҳи омӯзиши забони испанӣ ва машқ дар тамрингоҳҳо, барояш шаҳрвандии Кубаро доданд ва барои идомаи хидмат ба шаҳри Ҳавана фиристодаанд. Вай дар он ҷо расман корманди корхонаи қанд шуд. Аммо ҳадафаш кӯмак ба ҳукумати Фидел Кастро буд.

Ӯ мегӯяд, ки хидматаш ба авҷи Ҷанги сард рост омад ва шоҳиди он будааст, ки чӣ гуна Шуравии собиқ мушакҳои миёнапарвозро дар хоки Куба ҷобаҷо кард.

Нодирхон Ҳусейнов мегӯяд, ҳоло ҳам тамоми ҷузъиёти тасмимҳои сиёсии ҳукумати Иттиҳоди Шӯравӣ ё Амрикоро дарк намекунад, танҳо ҳаминро медонад, ки он давраи пуршиддат вале ба ҳамлаи атомӣ нарасонд, вагарна фоҷеаи калоне рух медод. “Акнун ҷанги атомӣ сурат нагирифтанашро ман намедонам. Лекин Америка ҳамлаи дигар накард, чаро, намедонам.”

Тавре таърихшиносон мегӯянд, баъди шиддати баҳсу таҳдидҳои дуҷониба ба гӯё истифода шудани силоҳи атомӣ аз тарафи Маскав ва Вашингтон, ниҳоят раҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ Никита Хрушев дар номае ба номи президенти ИМА Ҷон Кеннеди пешниҳоди созиш кард. Ҳолате, ки бархе таҳлилгарон имрӯз чун роҳҳали эҳтимолии зиддиятҳои Кремлу Киев пешниҳод мекунанд.

Нодирхон Ҳусейнзода, ки як сарбози шӯравӣ дар Куба буд, ҳаминро дар ёд дорад, ки бояд хеле эҳтиёткорона амал мекард. Қисса мекунад, ки дар Ҳавана гаштугузор озод буд, вале «агар огоҳ мешуданд, ки аз Шуравӣ ҳастӣ, ба дом меандохтанд». Мегӯяд, ки чанди афсарону сарбозони рус бо ҳамин шакл нест шуданд.

Мегӯяд, аз Фидел Кастро, раҳбари вақти Куба соҳиби диплом шудааст, аммо дар ҳукумати маҳаллии Дарвоз онро гирифтанд ва дигар барнагардонданд.

Ҳоло аз он давр чанд акс ба ёдгор модааст.

Нодирхон Ҳусейнов ва ёди Кубаву бӯҳрони Карриб

Соли 1966 ба ватан баргашт ва аз он замон то кунун дар зодгоҳаш ноҳияи Дарвоз зиндагӣ мекунад. Ин ҷо соҳиби оилаи дигар шуд. Ҳамаи чор писараш дар паҳлӯи ҳавлии ӯ зиндагӣ мекунанд. Хонаи худаш дар лаби дарёи Панҷ аст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Инсон даркор ё обанбор?" Ёде аз гирдиҳамоии Комсомолобод"Илоҷи дигар набуд." Достони марде, ки мегӯяд, дар Панҷшер ҷангидааст. ВИДЕОИттиҳоди Шӯравӣ (СССР) чӣ гуна пош хӯрд?Тоҷиконе, ки аз садамаи Чернобил зарар дидаанд, чӣ рӯзгор доранд?"Як дақиқа кор мекардем, дасту пой беҳис мешуд." Дар Тоҷикистон ҳанӯз ҷабри садамаи Чернобилро мекашанд. ВИДЕО