Муассисон ва муҳаррирони расонаҳои мустақили Қирғизистон бо нигаронӣ аз баста шудани сомонаи бахши қирғизии Радиои Озодӣ ба президенти он кишвар муроҷиат карданд.
Дар муроҷиати дастҷамъӣ омадааст, ки дар Қирғизистон "фишори бесобиқа ба рӯзноманигорон ва расонаҳои мустақил" ва "маъракаи бадномсозии рӯзноманигорон" мушоҳида мешавад.
Муаллифони муроҷиатнома гуфтаанд, хабар доранд, ки баъди бахши қирғизии Радиои Озодӣ расонаҳое ба монанди Kaktus.media, Kloop.kg ва Factcheck.kg баста мешаванд.
Намояндагони расонаҳо аз президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов (Жапаров) даъват кардаанд, ки бе иштироки сухангӯҳо ва мансабдорони дастгоҳи президент бо рӯзноманигорон мулоқот кунад. Ин рӯзноманигорон дар номаашон ҳамчунин гуфтаанд, дастрасӣ ба сомонаи бахши қирғизии Радиои Озодӣ барқарор карда шавад.
Мақомоти Қирғизистон 26-уми октябр сабаби бастани сомонаи бахши қирғизии Радиои Озодиро як барномаи видеоӣ дар робита ба вазъ дар сарҳад бо Тоҷикистон номиданд. Ба бовари онҳо, барнома "дар бораи ҳамлаи эҳтимолии ҷониби Қирғизистон ба Тоҷикистон маълумоти тасдиқношуда дорад".
Барнома 16-уми сентябри имсол ва дар авҷи даргирии ду ҳамсоя дар телевизиони "Настояшее Время", тарҳи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, пахш шуд.
Ду кишвар якдигарро ба таҷовузи низомӣ гунаҳкор мекунанд. Раҳбарияти Радиои Озодӣ гуфт, гузориш ба меъёр посухгӯст.