Як гуруҳ аз муҳоҷирони узбек дар Русия ба ҷанг даъват шудаанд 

Муҳоҷирони узбекистонӣ дар Русия

Тақрибан 50 муҳоҷири узбекистонӣ дар Русия хабар доданд, ки дар вилояти Орлов барои иштирок дар ҷанги Украина даъват шуданд.

Онҳо мегӯянд, шаҳрванди Русия нестанду бо санади муваққатӣ дар коркарди партовҳо саҳм мегиранд ва барои халосӣ аз ин вазъ аз раиси ҷумҳури Узбекистон мадад хостаанд.

Мақомоти Узбекистон пештар шаҳрвандони худро огоҳ карда буданд, ки ба ҷанг дар Украина нараванд, чун ҷавобгарӣ дорад.

Юрий Парахин, мудири корхонаи коркарди партовҳо дар Орлов, гуфтааст, агар муҳоҷиронро ба ҷанг баранд, вилоят зери ифлосӣ хоҳад монд.

Дар Русия аз 21-уми сентябр ҷалби нерӯҳои иловагӣ ба артиш идма дорад. Мақомоти он кишвар гуфтаанд, асосан онҳое ба сафи артиш ҷалб мешаванд, ки таҷрибаи ҷангӣ доранд, хидмат кардаанд ва дар ҳисоби нерӯҳои эҳтиётӣ ҳастанд.

Дар айни замон Русия ба хориҷиён ва бахусус муҳоҷирони корӣ пешниҳод дорад, ки дар сурати хидмат ба осонӣ шаҳрвандӣ ба даст меоранд. Ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ба шаҳрвандони худ ҳушдор додаанд, ки дар сурати ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ паси панҷара хоҳанд рафт.

Ҳар сол садҳо ҳазор нафар аз кишварҳои минтақа ба Маскав, пойтахти Русия ва шаҳрҳои дигари он мераванду ба ҳайси роҳрӯб, фаррош, коргари сохтмон дар ҷабҳаи аввал кор мекунанд.