Вазорати умури хориҷии Узбекистон аз Украина хост, ба нашри хабарҳои беасоси айбдоркунандаи Тошканд дар расонаҳо иҷозат надиҳад. Вазорат афзуда, ки Узбекистон бо Эрон ҳамкории низомӣ намекунад ва техникаҳои ҳарбии он низ дар ин кишвар истеҳсол карда намешаванд.
Ин изҳорот баъди суханҳои рӯзноманигори украинӣ Дмитрий Гордон ва соҳибкори исроилӣ Леонид Невзлин дар бораи истеҳсоли ҳавопаймоҳои бесарнишини эронӣ, ки дар ҷанг алайҳи Украина истифода мешавад, нашр шуд.
Гордон ва Невзлин дар сӯҳбати худ дар шабакаи Ютуб гуфтанд, дар Узбекистон ҳавопаймоҳои бесарнишини эронӣ истеҳсол мешавад. Гордон аз ҷумла, аз ҳамсӯҳбаташ пурсид, ки оё Исроил метавонад ба маконҳои истеҳсоли ҳавопаймоҳои бесарнишин дар Ироқ, Эрон ва Узбекистон ҳамла кунад. Соҳибкори исроилӣ дар посух изҳор дошт, ки "дар мавриди Узбекистон чизе гуфта наметавонам, зеро ба назари ман, он як кишвари дӯсти бетараф аст".