Дар ҳамла ба ибодатгоҳи шиаён дар шаҳри Шерози Эрон камаш 15 нафар кушта шудааст.
Ҳодиса 26-уми октябр рӯй дод. Ҳамларо гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” ё ДОИШ бар дӯш гирифт.
Телевизиони давлатии Эрон гуфт, ҳамларо як марди мусаллаҳ дар мақбараи Шоҳчароғ ва ҳангоми намози шом анҷом дод.
Дар ин ҳодиса 19 каси дигар маҷруҳ шудаанд. Мақомот гуфтанд, ки ҳамлагар боздошт шуд.
Як масъули додгоҳӣ ба телевизиони давлатии он кишвар гуфт, ки "танҳо як террорист" дар ин ҳамла даст дошт.
Президенти Иброҳим Раисӣ, ваъда дод, ки "посухи сахт" хоҳанд дод ва вазири корҳои хориҷии он кишвар Ҳусейн Амир Абдулоҳиён ҳам гуфт, Теҳрон алайҳи "террористон ва мудохилагарони хориҷӣ" иқдом хоҳад кард.
Ин ҳамла дар ҳоле сурат гирифт, ки дар чиҳилумин рӯзи вафоти Маҳсо Аминӣ, духтари 22-солаи курд, миёни эътирозгарон ва нерӯҳои амниятӣ даргириҳои сахт рух дод.
Аминӣ рӯзи 16-уми сентябри имсол ва баъд аз се рӯзи боздошт фавтид. Мақомот ӯро ба иттиҳоми риоя накардани ҳиҷоб боздошт карда буданд. Дар пайи марги ӯ ҳазорон нафар дар шаҳрҳои гуногуни Эрон ба кӯчаҳо баромаданд ва ин эътирозҳо то кунун идома доранд.