Низомиҳои амрикоӣ рӯзи чаҳоршанбе, 26-уми октябр, ҷузъе аз силоҳи моваросавтиро озмоиш карданд. Пентагон ин санҷишро муваффақона номид.
Аз майдони баҳрии НАСА дар иёлати Вирҷиния, бо ҳадафи озмоиши силоҳи фаросавтӣ, мушак партоб шуд. Дар ин озмоиш дастгоҳҳои алоқа ва роҳнамо барои силоҳи фаросавтӣ, инчунин маводи пешрафтае санҷида шуд, ки имкон дорад, гарморо дар "муҳими силоҳи фаросавтӣ" тоб орад.
Дастгоҳҳои фаросавтӣ бо мушакҳо ба қабати болоии атмосфера партоб мешаванд ва баъдан бо суръати бештар аз савт - 6200 км дар соат ба сӯи ҳадаф мераванд.
ИМА ва кишварҳои рақиби он сохтани силоҳи фаросавтиро суръат бахшидаанд - силоҳи насли нав, ки ба рақиб имкони вокуниши фаврӣ карданро намедиҳад.