Гулнозаи Қурбонхон ҳамагӣ панҷ сол пеш аз деҳаи Тӯданӣ ба маркази ноҳияи Шамсиддин Шоҳин кӯчид, аммо зуд дар байни мардум ва бахусус занон шинохта шуд. Онҳо субҳи барвақт ва ё нимашаб барояш занг мезананд ва ӯ ба кумакашон мешитобад. Ӯ таксӣ меронад.
"Ронандаи зан хуб аст. 24 соат дастрас аст, кори моро буд мекунад. Якдигарфаҳмӣ мекунем," – гуфт Сафарбӣ Хоҷаева, сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин.
Қаҳрамони гузориши мо 28-сола аст. Як духтари чаҳорсола дорад. Ӯро гоҳе ба назди хушдоманаш мегузорад ва гоҳе бо худ мегирад. Мегӯяд, таксирониро ба ӯ шавҳараш ёд дод. Таъмири мошинро ҳам.
Гулнозаи Қурбонхон гуфт: "Аз рӯзе, ки тӯй кардем, ҳамроҳи шавҳарам кор кардам. Ӯ устои мошин аст. Дидаму ёд гирифтам ва шӯруъ кардам ба устоӣ."
"Ҳозир мошинҳоро барои таъмир қабул мекунад, ранг мезанад. Рондани мошинро ҳам диду ёд гирифт. Якдигарфаҳмӣ ҳаст, зиддият чӣ даркор?" – мегӯяд шавҳараш, Зокирҷон Қодирзода.
Ин ҷуфт бо хости волидон ва бидуни ишқу ошиқӣ оиладор шуда, зуд ба якдигар унс гирифтаанд.
Дар ҷомеаи суннатӣ ва мардсолори Тоҷикистон баъзе аз занон мошин меронанд, вале бахши ками онҳо ронандаи таксӣ ҳастанд. Гулнозаи Қурбонхон мегӯяд, нигоҳҳо ба кори ӯ дар як минтақаи кӯҳистонӣ ҳам яксон нест. Дар айни замон хушҳол аст, ки хушдоману хусураш ӯро пуштибонӣ мекунанду мардум ҳам ба кори ӯ одат менамоянд.
Холмоҳ Холматова, хушдомани Гулнозаи Қурбонхон гуфт: “Мо хурсанд мешавем, ки арӯси хонавода дар сари чанбарак аст. Ба куҷое рафтанӣ шавем, мебарад. Муҳтоҷи касе нестем.”
Авҷи кори ӯ субҳгоҳон аст. Дар лаҳзаҳое, ки муштарӣ надорад, ба шавҳараш дар таъмири мошинҳо ёрӣ медиҳад.
Сабзалӣ Раҳматов барои таъмири “Тангем”-аш аз Кӯлоб ба суроғи онҳо омадааст. Ӯ мегӯяд, “ягон бор ба инҷо наомада будам. Бисёр таъриф карданд. Ба ҳамин сабаб ба назди инҳо омадам.”
Зану шавҳар ситоиши муштариҳоро қадр мекунанд, вале дар фикри муҳоҷират ба Русия ҳастанд. Мегӯянд, дар моҳе якҷоя чаҳор ҳазор сомонӣ меёбанд. Ба харҷи рӯзгор мерасад, вале имкони нав кардани мошину сохтани устохонаи беҳтарро надоранд.
Гулнозаи Қурбонхон мегӯяд: “хушдоманам нигоҳубини духтарамро ба уҳда гирифт. Мегӯяд, равед, кор кунед. Мегӯем, дар онҷо кор кунем ва ягон мошини хубтар гирем.”
Худрави Гулноза тамғаи "Тико" аст. Ин мошин ба минтақаҳои кӯҳӣ ва дар роҳҳои сангин зиёд тоб намеорад. Мошини кӯчаке, ки ба Гулнозаи Қурбонхон ва хонаводааш то ин дам нону шуҳрат додааст.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад