Дар Душанбе рӯзи 26-уми октябр 55-умин солгарди ҳунарнамоӣ ва 70-солагии Мастона Эргашева, яке аз овозхонҳои маъруфи Тоҷикистонро таҷлил карданд. Ӯ бо хондани таронаҳои “Шашмақом” ва сурудҳои мардумӣ дар кишварҳои ҳамсоя ҳам ном бароварда, вале ба қавли худаш, “ҳеч замоне ба касе сурудҳоямро набахшидаам ва мадҳиясароӣ накардаам”.
Дар ин рӯз китоби “Мастона месарояд” низ муаррифӣ шуд. Онро адабиётшинос Абдураҳмон Абдуманнонов таҳия кардааст.
“Дар китоб дар бораи зинаҳои камолоти Мастона дар гуруҳи “Гулшан”, ансамбли духтарони дуторнавоз, ансамбли “Шашмақом” ва фаъолияташ дар Кумитаи радио ва телевизион иттилоъ ҳаст. Лекин таҳлили тахассусии эҷодиёти Мастона, таҳлили ҳунари Мастона дар ин китоб ҳанӯз ҷой надорад. Ин кори оянда аст, кори муҳаққиқон аст,” – гуфт Абдуманнонов.
Мастона Эргашева аз наврасӣ ба овозхонӣ машғул шуда, ба зудӣ шуҳрат ёфтааст. Гулрухсори Сафӣ, шоири тоҷик, мегӯяд, ин овозхон тақрибан сӣ шеъри ӯро сурудааст.
Ӯ афзуд: “Мастона сирри дигаре дорад, ки ба Шумо мегӯям. Вай ба забони тоҷикиву узбекӣ шеър мегӯяд. Шеърҳои хуб ҳам мегӯяд. Ин шеърҳо ҳатто нашр шудааст. Ба шеърҳои худаш боз оҳанг ҳам мебандад. Мастона Эргашева инсони бисёр хоксор аст ва ҳаргиз намегӯяд, ки ман ин корро кардааму он корро.”
Профессори Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон Гулчеҳра Нуъмонова ва дар гузашта ҳамсабақи Мастона Эргашева мегӯяд, “ҳарчанд дар бахши ҳунарманди синамо таҳсил кардааст, завқи мусиқӣ дошт ва пайваста дар утоқи хобгоҳи донишкада машғули навохтани фортопиано буд”.
Дар маросими рӯнамоии китоби “Мастона месарояд” алоқамандони ҳунари ин овозхони тоҷик аз Узбекистон ва Амрико низ ҷамъ омада буданд.
Мастона Эргашева 26-уми октябри соли 1952 дар ноҳияи Ҷайҳун таваллуд шудааст. 25 сол дар ансамбли давлатии "Шашмақом"-и Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон фаъолият карда, ҳоло устоди “Шашмақом” дар Консерваторияи миллӣ Тоҷикистон аст.