Расонаҳо: TikTok дар Қазоқистон намояндагӣ боз мекунад

Шабакаи иҷтимоии TikTok тасмим дорад, ки тирамоҳи имсол дар Қазоқистон намояндагӣ боз кунад.

Дар ин бора расонаҳои Қазоқистон бо такя ба мудири TikTok Global Business Solutions дар Аврупои Шарқӣ Анастасия Панин хабар доданд.

"Мушоҳида мекунем, ки муҳтавои нав хеле зиёд офарида мешавад, зеро истифодабарандагони Қазоқистон халлоқият доранд ва корбарон аз шабака барои баён кардани зарфияти худ истифода мебаранд. Мо, ҳамчун шабака, мехоҳем ба истифодабарандагон наздик бошем. Аз ин рӯ, тирамоҳи имсол дар Қазоқистон намояндагӣ боз мекунем", - гуфт Анастасия Панин.