Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, аз соли 2018 то моҳи июни имсол 31 духтари ноболиғро сабти ном кардаанд, ки ба танфурӯшӣ машғул буданд.
Бино ба як омори Вазорати умури дохилӣ, ки ба дасти Радиои Озодӣ ҳам расид, духтарони ноболиғро ҳангоми амалиёти “Ахлоқ” дастгир карда, дар ҳузури хешовандон ва намояндагони Кумитаи занон суҳбатҳо анҷом додаанд.
Ба қавли масъулони вазорат, духтарони ноболиғе, ки ба танфурӯшӣ машғул буданд, аз оилаҳои носолим ва ҷанҷолӣ ҳастанд, вале теъдоди онҳо дар муқоиса ба солҳои гузашта камтар шудааст.
Ба иттилои расмӣ, дар соли 2021 фақат як духтареро сабти ном кардаанд, ки дар кӯчаҳои шаҳр бо танфурӯшӣ рӯз мегузаронд.
Дар Тоҷикистон иртиботи ҷинсӣ бо ноболиғ ҷиноят ба ҳисоб меравад ва барои он ҷазо таъйин шудааст.