Кумитаи Дифоъ аз Хабарнигорон (CPJ), як созмони ҳомии озодии баён, аз мақомоти Тоҷикистон хост, ба иддаои рӯзноманигор Абдусаттор Пирмуҳаммадзода "ҷавоби комилу қонеъкунанда" бидиҳанд.
Пирмуҳаммадзода дар номае аз боздоштгоҳ гуфт, муфаттишон ӯро бо азобу шиканҷаи зиёд маҷбур карданд, гуноҳҳои нокардаро ба гардан бигирад. Радиои Озодӣ чанде пештар номаи хабарнигори боздоштшударо ба даст овард.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Заданд, кӯфтанд, ба барқ мондаву ҷонамро ба лаб оварданд." Номаи Пирмуҳаммадзода аз Боздоштгоҳ. ВИДЕОГулноза Саид, намояндаи Кумитаи Дифоъ аз Хабарнигорон, рӯзи 25-уми октябр дар баёнияе гуфт, "бадрафториву таҳдиду эътирофи иттиҳом зери шиканҷа дар идораҳои интизомии Тоҷикистон гапи нав нест", вале "бисёр нигаронкунанда ҳастанд ва ҷавоби комил ва қонеъкунандаи мақомотро талаб мекунанд".
"Фурсати он расидааст, ки мақомоти Тоҷикистон суистифодаро аз пинҳонкорӣ дар парвандаҳои хабарнигорон бас кунанд, ки ҳуқуқи онҳоро ба таври дағалу нафратангез зери по мекунад," – афзудааст ӯ.
Кумитаи Дифоъ аз Хабарнигорон хостааст, мақомоти Тоҷикистон рӯзноманигорони боздоштшуда ва зиндониро фавран озод кунанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Кабирӣ гуфт, бо Пирмуҳаммадзода на тамос дошт, на маслиҳати инқилобАбдусаттор Пирмуҳаммадзодаи 44-соларо 8-уми июли имсол дар шаҳри Ваҳдат дастгир карданд. Худаш мегӯяд, бегуноҳ аст ва барои дигарандешӣ ва танқидаш аз амалкардҳои мақомот аз ӯ ниқор гирифтаанд.
Дар ним соли охир дар Тоҷикистон ҳафт блогеру рӯзноманигор дастгир ва то ин дам се нафари онҳо – Муҳаммади Султон ба 7, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба 7,5 ва Далери Имомалӣ ба 10 зиндон – маҳкум шуданд.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи хабарнигорон борҳо аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, ба таъқибу таҳдиду фишор хотима дода, рӯзноманигорону блогеронро озод кунад. Мақомот бо мурофиаҳои баста ва ҳукмҳои тӯлонии хабарнигорон посух доданд.