Чаҳор созмони ҳомии ҳуқуқи башар аз раиси Шӯрои Аврупо Шарл Мишел даъват кардаанд, ки дар мулоқот бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷараёни сафараш ба Қазоқистон ва Узбекистон "масъалаҳои мубрам" дар заминаи ҳуқуқи инсонро матраҳ кунад.
Ҳомиёни ҳуқуқ 25 октябр бо нашри муроҷиатномаи худ аз Мишел хостаанд, бигӯяд, ки "Иттиҳоди Аврупо пешравии назаррасро дар бораи вазъи ҳуқуқи башар мунтазир аст".
Созмонҳои ғайриҳукуматӣ аз раиси Шӯрои Аврупо даъват карданд, ки “барои таҳқиқи нақзи ҷиддии ҳуқуқи башар” дар ҷараёни бӯҳронҳои бузурги имсола дар Қазоқистон, Тоҷикистон ва Узбекистон чораҳои фаврӣ, беғаразу муассир ва ба ҷавобгарӣ кашидани дастандаркоронро талаб кунад".
Муроҷиатнома аз номи Шарики байнулмилалии ҳуқуқи башар (IPHR), Бюрои ҳуқуқи башари Қазоқистон, Анҷумани ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ (AHRCA) ва Ташаббуси ҳуқуқи башари Туркманистон (TIHR) нашр шудааст.