Сарвазири нави Бритониё гуфт, аз Украина пуштибонӣ мекунад

Шоҳ Чарлз рӯзи 25-уми октябр аз Риши Сунак хост, ҳукумати навро ташкил кунад

Сарвазири нави Бритониё рӯзи 25-уми октябр ваъда дод, ки кишвараш то набарди охирин Украинаро дастгирӣ хоҳад кард.

Риши Сунак ҳамзамон гуфт, дар равобити Лондон ва Маскав ҳеч пешрафтеро намебинад.

“Дар ин ҷанги мудҳише ки фарҷомаш бояд муваффақиятомез бошад, пурра аз Украина дифоъ мекунем,” – афзуд Сунаки 42-сола дар изҳороти аввалинаш дар мақоми нахуствазир.

Амрико, Иттиҳоди Аврупо, Бритониё ва ҳампаймонҳои дигари ғарбии онҳо аз пуштибонҳои Украина дар ҷанги бедалели Русия ба шумор мераванд.

Риши Сунак аввалин осиёӣ ва сиёсатмадори ҷавонтарин аст, ки рӯзи 24-уми октябр раҳбарии ҳукуматро дар Бритониё ба дӯш гирифт.

Ӯ ҳинду аст ва дар гузашта дар мансаби вазири молияи Бритониё кор кардааст. Шоҳ Карл рӯзи 25-уми октябр аз ӯ хост, ҳукумати навро ташкил кунад.