Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов (Жапаров) дар суҳбат бо расонаҳо боздоштҳои охири фаъолон ва сиёсатмадоронро дар кишвараш шарҳ дод.
Ба гуфтаи Ҷабборов, афроди боздоштшударо "масъалаи обанбори Кампиробод ҷалб накардааст" ва бисёре аз онҳо "умед доранд, дар кишвар дар пайи ин баҳсҳо ҳодисае рух хоҳад дод ва қудратро соҳиб мешаванд".
"Дар маҷмуъ дар ин масъала ман бо ҳама вориди гуфтугӯ шудам. Ман гуноҳе надорам. Ман ба Узген рафтам, бо мардум мулоқот кардам. Ҳамчунин бо сокинони Бодканд, Чаткала, Ала-Бука мулоқот кардам. Бештар аз 300 кас дар мулоқот буд. Ҳамаи онҳорое даъват кардам, ки қурултой ташкил карда буданд. Касеро ҷудо накардам. Мулоқот бештар аз 7 соат давом кард. Мо табодули фикр кардем, гуфтугӯ ошкоро буд. Дар поёни ин мулоқот зоҳиран ҳама бо дарки масъала берун рафтанд, аммо баъдан ба мавқеи пешинашон баргаштанд. Агар ошкортар ҳарф занем, онҳоро масъалаи Кампиробод ҷалб намекунад. Барои онҳо ин танҳо баҳона аст", - гуфт Ҷабборов.
Вай илова кард, ки тасмим надорад, ба парвандаи сиёсатмадорон ва фаъолони боздоштшуда дахолат кунад.
Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек сиёсатмадорон ва фаъолони ин кишварро, ки рӯзи 24-уми октябр бо иттиҳоми ташкили бетартибиҳои оммавӣ ва ғасби қудрат боздошт шудаанд, ба ҳабси пешакӣ гирифт.
Субҳи 23-юми октябр мақомоти қудратии Қирғизистон дар манзили чанде аз сиёсатмадорон ва фаъолон бозҷӯӣ анҷом доданд. Дар натиҷа ҳудуди 21 тан аз фаъолону сиёсатмадорон боздошт шуданд.
Вазорати корҳои дохилии он кишвар хабар дод, ки бозҷӯӣ ва боздошти ин афрод дар доираи парвандаи "Омодагӣ ба ташкили бетартибиҳои оммавӣ" сурат гирифтааст.