Мақомоти Эрон мегӯянд, дар вилояти Озарбойҷони ғарбӣ 10 нафареро боздошт карданд, ки барои “гумоштаҳои Моссад”, хадамоти ҷосусии Исроил, кор мекардаанд.
Додситонии Эрон дар ин бора рӯзи 24-уми октябр хабар дод, вале ному насаби боздоштшудагон ва ҷузъиёти дигарро нагуфт.
Ба қавли додситонӣ, чаҳор нафари онҳо ба ҷинояте муттаҳам мешаванд, ки ҷазои он ҳукми қатл аст.
Намояндагони додситонӣ афзудаанд, ин афрод “зери ҳидояти мустақими Моссад” нерӯҳои амниятии Эронро шиносоӣ мекарданд ва мехостанд, иттилооти шахсии онҳоро аз роҳи одамрабоӣ, таҳдид ва латукӯб ифшо кунанд.
Исроил чун ҳамеша ин гуна гузоришҳоро шарҳ намедиҳад.