Бозиҳои Осиёи Марказӣ эҳё мешаванд

Акс аз бойгонӣ.

Дабирони кулли кумитаҳои олимпии Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон масъалаи эҳё намудани Бозиҳои Осиёи Марказиро баррасӣ карданд. Дар ин бора сомонаи расмии Кумитаи олимпии Қазоқистон хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, дар пойтахти Ҷумҳурии Корея – шаҳри Сеул - дар доираи Ассамблеяи кулли Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ (ANOC) ҷаласаи кумитаҳои миллии олимпии кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд.

Мавзуи асосии рӯзномаи ҷаласа аз нав эҳё кардани Бозиҳои Осиёи Марказӣ буд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барномаи варзиширо якҷоя таҳия намуда, ҳамчунин дар ду соли оянда бозиҳоро аз сар гузаронанд. Кишвари мизбон ва санаи баргузории бозиҳо баъдтар муайян карда мешавад.

Илова бар ин, миёни ҷонибҳо оид ба роҳҳои такмили омодагии инфиродӣ ва муштараки кишварҳо то соли 2023, ки марҳилаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии соли 2024 дар Париж хоҳад буд, тавофуқ ҳосил шуд. Ба ин манзур ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки аз иншооти варзишии Осиёи Марказӣ бо шартҳои судманд истифода кунанд.

Аз соли 2015 Қазоқистон раиси Шӯрои олимпии Осиё оид ба минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад. Дар маҷмӯъ, тибқи тақсимоти Шӯрои олимпии Осиё, ба минтақа ҳафт кишвар шомиланд: Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон.

Бозиҳои Осиёи Марказӣ таҳти сарпарастии Кумитаи байналмилалии олимпӣ баргузор мешаванд. Аввалин Бозиҳои Осиёи Марказӣ моҳи сентябри соли 1995 дар Тошканд (Узбекистон) доир шуда буд. Сипас бозиҳо соли 1997 дар Алмато (Қазоқистон), соли 1999 дар Бишкек (Қирғизистон) ва соли 2003 дар Душанбе (Тоҷикистон) доир гардиданд. Ҳарчанд бозиҳо бояд дар ду сол як маротиба барпо шаванд, аммо баъди соли 2003 баргузор нашудаанд.