Фарзонаи Алихон, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ки маъюб асту барои наварӯсон либос медӯзад, барояшон орзуи хушбахтии доимӣ мекунад.
Худаш се моҳ пеш аз шавҳар ҷудо шуда, дар хонаи танги волидон зиндагӣ дорад. Якуним сол пеш оиладор шуд, аммо гуфтаанд, соҳиби фарзанд нахоҳад шуд. Ҳоло кор мекунад.
"Пулҳоямро сарфи зиндагӣ мекунам, то пеши касе муҳтоҷ набошам. Барои худ дору мехарам," – гуфт ӯ.
Қаҳрамони гузориши мо ба сабаби маъюбӣ танҳо синфи якумро хондааст, аммо ҳунар дорад.
Ҳамдеҳагонаш ӯро дӯст медоранд. Сарвиноз Умарова, яке аз ҳамсояҳояш, мегӯяд, "шероза медӯзад. Таксарӣ медӯзад. Ҳатто барои ман як курта дӯхт."
Дӯхтанро ба Фарзона бибияш омӯзондааст. Пӯхтанро хоҳари калонияш. Имрӯз ин ҳунарҳо Фарзонаро аз дастнигарӣ наҷот додаанд. Ба ғайр аз дӯзандагӣ ҳамчун маъюби гурӯҳи дуюм моҳе 150 сомонӣ нафақа мегирад.
Аз даромадҳояш ба падару модар гоҳе мадад мекунад. Давлатбӣ Эшназарова, модари Фарзона, гуфт, "собун мехарад, қанд мегирад, боз ёрӣ мекунад."
Мегӯяд, кулбаи падар барояш тангӣ мекунад. Орзуяш ин аст, ки соҳиби хонаву коргоҳи худ шавад, то муҳтоҷи касе намонад.
"Бародарам ба зиндагии худаш бошад, ман ба зиндагии худам. Дар коргоҳам занону духтарони мисли худамро ба кор мегирам," -- орзу дорад ӯ.
Хонаводаи шавҳараш, ки ба иддаои ӯ ҷиҳози арӯсиро ҳанӯз барнагардондаанд, сабаби пошхӯрии оиларо шарҳ намедиҳанд.
Фотима Маҷидзода, мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Ҳамадонӣ, гуфт, "дар нӯҳ моҳ 56 нафар бо масъалаҳои гуногун муроҷиат карданд. Аз ин рақам шаш оила бо корҳои фаҳмондадиҳӣ барқарор карда шуд."
Харидорон ҳунари дастони Фарзонаро ситоиш мекунанд, аммо ӯ ба корҳояш нарх намегузорад. Ҳар касе чӣ ҳиммате кунад, розист.
Одамон аз ҳар куҷо ба суроғаш меоянд. Ӯ ба рӯзҳои нек ва иродааш бовар дорад.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Навор дар Ютуб: