Иттиҳодияи муаллимони Эрон ба хотири саркӯби шогирдонашон дар ҷараёни эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дар он кишвар корпартоии дурӯза эълон кардаанд.
Шӯрои ҳамоҳангсози муаллимони Эрон рӯзи 21-уми октябр гуфт, корпартоӣ рӯзҳои якшанбе ва душанбе сурат мегирад. Дар Эрон якшанбе рӯзи корӣ аст.
Шуморе аз муаллимони мактабҳо иддао кардаанд, ки дар ҷараёни эътирозҳое, ки пас аз марги Маҳсо Аминии 22-сола дар Эрон оғоз шуд, шуморе аз хонандагон кушта шуданд.
Кумисюни ҳуқуқи башари Эрон, қароргоҳаш дар Норвегия, мегӯяд, дар натиҷаи эътирозҳои панҷҳафтаӣ дар Эрон ҳадди ақал 215 кас ҷон бохтаанд, ки 27 нафари онҳо кӯдак ҳастанд.