Русия рӯзи 22-юми октябр ба зербиноҳои муҳим дар саросари Украина, аз ҷумла шаҳри Киев, бо мушак ҳамла кардааст. Нерӯҳои Украина гуфтанд, чанд мушакро дар фазои пойтахт заданд.
Дмитрий Кулеба, вазири корҳои хориҷии Украина, бори дигар аз ҳампаймонҳои ғарбии кишвараш хост, интиқоли низоми дифои ҳавоии муосирро суръат бахшанд.
“Мо баъзе мушакҳоро задем, аммо баъзе ба нишон расиданд. Ҳифзи фазо ҳаёти одамонро наҷот медиҳад,” – афзуд Кулеба.
Мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, нерӯгоҳҳои барқӣ дар вилоятҳои Одесса, Кировоград ва Лутск осеб диданд. Манотиқи дигар аз мушкили бебарқӣ хабар додаанд.
Раиси дастгоҳи иҷроияи президенти Украина, Андрей Ермак, дар Telegram навишт, ҳамлаи мушакии, ба гуфтааш, террористон бар зидди мардуму зерсохтҳои ғайринизомӣ сурат гирифтааст.