Бонки Осиёӣ гуфт, ки ба Тоҷикистон 50 миллион доллар медиҳад

Бонки Осиёии Рушд эълон кард, ки ба Тоҷикистон барои дастгирии қишри камбизоат ва осебпазир 50 миллион доллар ёрии бебозгашт медиҳад.

Бонки мазкур рӯзи 21-уми октябр бо нашри баёнияе гуфт, пули мазкур барои маблағгузории барномаи зиддибуҳронии ҳукумат, ҷиҳати кумак ба қишрҳои камбизоат, рушди истеҳсоли маводи ғизоӣ дар дохил, ҳимояти соҳибкории хурд ва таъсиси ҷойҳои корӣ барои муҳоҷирони бозгашта аз хориҷ сарф мешавад.

Аз ҳисоби 50 миллион доллар, аз ҷумла 250 оилаи фақиру осебпазир дар Тоҷикистон, 600 сомонӣ кумаки молии яквақта мегиранд.

Намояндаи Бонки Осиёии Рушд гуфтааст, азбаски Тоҷикистон нафту бензин ва сӯзишвории дигарро аз хориҷ мехарад, боло рафтани арзиши онҳо сабаби осеб дидани иқтисод, афзоиши фақр ва бекорӣ мешавад.

Коршиносон мегӯянд, муноқишаи низомии Русияву Украина вазъи иҷтимоӣ-иқтисодии Тоҷикистонро боз ҳам душвортар кард, чун ин кишвар аз Русия вобастагии сахт дорад. ​