Раҳбари Паймони миллӣ, эътилофи чаҳор созмони мухолифони ҳукумати Тоҷикистон дар Аврупо, ки ҳизби наҳзати исломӣ яке аз онҳост, ҳар гуна тамос ва маслиҳати инқилобро бо рӯзноманигори боздоштшуда Абдусаттор Пирмуҳаммадзода рад кардааст.
Муҳиддин Кабирӣ рӯзи 21-уми октябр ба "Аздо TV" гуфтааст, "ин туҳмати навбатии мақомоти Тоҷикистон аст."
"Банда бо Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ҳеч намуд иртиботе, на овозӣ, на хаттӣ ва ҳатто на аз тариқи афроди дигар надоштам ва ҳеч зарурате ҳам набуд," –афзудааст ӯ. Ҳарчанд ба гуфтааш, "иртибот бо як инсон дар саросари дунё ҳеч гоҳ ҷурм ва ҷиноят набуду нест ва наметавонад бошад.”
Абдусаттор Пирмуҳаммадзода дар номае аз боздоштгоҳ, ки 19-уми октябр тавассути манобеи наздик ба тафтишот ба Радиои Озодӣ расид, гуфтааст, зери фишор тамосро бо Муҳиддин Кабирӣ ба дӯш гирифт.
"Дар навор матни навиштаи кормандони УБОП-и ВКД ҶТ-ро дар бораи онки гуё бо раҳбари мухолифон Муҳиддин Кабирӣ дар робитаи доимӣ будаму дар Тоҷикистон инқилобе омода мекарда бошем, зери фишори ҷисмонӣ хондам," – нигоштааст ӯ.
Мақомот ҳанӯз ба нома вокуниш накардаанд, вале шахсони наздик ба Пирмуҳаммадзода рӯзи 20-уми октябр ҳусни хати ӯро бо дастхатҳои пешинааш якхела донистанд.
Муҳиддин Кабирӣ дар суҳбаташ бо телевизиони "Аздо TV" гуфтааст, "мақомоти Тоҷикистон бидуни кадом далел одамонро маҷбур мекунанд, ки таҳти шиканҷа амалҳои нокардаеро ба дӯш бигиранд."
Рӯзноманигор Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаи 44-сола рӯзи 8-уми июли имсол дар шаҳри Ваҳдат, канори Душанбе, дастгир шуд ва ҳоло мурофиааш паси дарҳои баста ҷараён дорад. Вай ба ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ (моддаи 307, замимаи 3, қисми 2) гумонбар аст, аммо худаш дар нома парвандаро сохтаву бофтаи мақомот номидааст.
Пирмуҳаммадзода моҳи ноябри соли 2020 ва пас аз як муроҷиати ғайриодияш ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон маъруф шуд. Он замон гуфта буд, аз ночорӣ таксӣ меронад, аммо аз ҷаримаҳои зиёди нозирони роҳ ба дод омадааст. Аз он пеш дар радиои “Садои Душанбе” ва расонаҳои вобаста ҳукумат ба кор мекард.
Дар ним соли охир дар Тоҷикистон ҳафт блогеру рӯзноманигор дастгир ва то ин дам се нафари онҳо – Муҳаммади Султон ба 7, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба 7,5 ва Далери Имомалӣ ба 10 зиндон – маҳкум шуданд.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи хабарнигорон борҳо аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, ба таъқибу таҳдиду фишор хотима дода, рӯзноманигорону блогеронро озод кунад. Мақомот бо мурофиаҳои баста ва ҳукмҳои тӯлонии хабарнигорон посух доданд.