“Рустам ва Сӯҳроб”-ро дар Малайзия намоиш медиҳанд

Эълони филмҳое, ки дар Малайзия намоиш дода мешаванд

Дар Малайзия маросими муаррифии се филми сохташуда дар Тоҷикистон баргузор мешавад, ки ба таҷлили 30-солагии истирори робитаҳои дипломатии миёни Тоҷикистон ва Малайзия бахшида шудааст.

Намоиши филмҳо бо ташаббуси сафорати Тоҷикистон дар Малайзия аз рӯзҳои 28 то 30-юми октябр дар толори синамои маркази тафреҳии Mid Valley-и шаҳри Куала Лумпур дар назар аст.

Се филме, ки дар доираи ин барномаи фарҳангӣ ба таври ройгон намоиш дода мешаванд, “Муаллим”-и Носир Саидов, “Сафари ҳавоӣ”-и Далер Раҳматов ва “Рустам ва Сӯҳроб”-и Борис Кимёгаров мебошанд. Дар изҳороти сафорати Тоҷикистон дар Малайзия омадааст, “ин филмҳо имкони ошно шудан бо паҳлӯҳои мухталифи иҷтимоиро фароҳам мекунанд ва ҳам аз ин роҳ бо фарҳангу таърихи Тоҷикистон шинос мешаванд”. Филмҳо бо зернависи англисӣ ба намоиш гузошта хоҳанд шуд.

Робитаҳои дипломатии Тоҷикистону Малайзия - як кишвари воқеъ дар Осиёи ҷанубушарқӣ моҳи марти соли 1992 барқарор шуд. Иттилое дар бораи додуругирифтҳои иқтисодӣ ё тиҷоратии Тоҷикистон бо ин кишвари асосан мусалмоннишин нашр намешавад. Вале ба иттилои мақомот, Тоҷикистон бо Малайзия дар заминаи таҳсили донишҷӯҳои тоҷикистонӣ ва табодули таҷрибаи байни кормандони вазорату идораҳои давлатӣ ҳамкорӣ барпо кардааст.