Кормандони сафорати Қазоқистонро дар Украина ба Варшава кӯчониданд

Бештари кормандони сафорати Қазоқистонро дар Украина ба шаҳри Варшаваи Лаҳистон кӯчониданд. Дар ин бора Мухтор Тлеубердӣ, вазири корҳои хориҷии Қазоқистон рӯзи 20 октябр хабар дод.

"Сафорат корашро аз Варшава давом медиҳад. Ба ҷуз ин дар шаҳри Киев консул боқӣ мемонад, ки ҳамарӯза шаҳрвандони Қазоқистонро ба ҳузур мепазирад. Дар Украина шаҳрвандони Қазоқистон ҳоло ҳам ҳастанд ва барои хориҷ шудан аз Украина ба консул муроҷиат мекунанд", - гуфт Мухтор Тлеубердӣ.

Ба иттилои вай, дар Украина ҳудуди 200 шаҳрванди Қазоқистон боқӣ мондааст. Вазир гуфт, ки ин шаҳрвандон имкон доранд, ки ба Лаҳистон ё Молдова раванд.

Шуруъ аз 10 октябр, баъди он ки шаҳри Киев ва дигар шаҳрҳои Украина ҳадафи мушакҳои артиши Русия қарор гирифтанд, мақомоти чанде аз кишварҳо аз шаҳрвандони худ даъват карданд, ки ҳудуди Украинаро тарк кунанд.