Сарвазири Бритониё, Лиз Трасс, истеъфо дод

Лиз Трас

Лиз Трасс, сарвазири Бритониё, рӯзи 20-уми октябр истеъфо дод, аммо гуфт, то интихоби раҳбари нав ба кораш идома хоҳад дод.

Вай рӯзи 6-уми сентябри имсол ва пас истеъфои Борис Ҷонсон ба ин мақом расида буд.

Қаблан теъдоди зиёди қонунгузорон хоста буданд, ки Трасс истеъфо диҳад.

Барномае, ки аз сӯи маъмурияти ӯ моҳи гузашта муаррифӣ шуд, боиси “нооромӣ”-и молиявӣ ва буҳрони сиёсӣ гардид.