Чандин ҳаракати ҳомии ҳуқуқи Қирғизистон бо нашри муроҷиатномае аз президенти он кишвар Содир Ҷабборов хостанд, блогер ва мудири саҳифаи "Полит Узник" дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук Ирис Жекшеналиев озод карда шавад.
Ҳомиёни ҳуқуқ дар муроҷиатномаи худ гуфтаанд, ҳабси блогери 19-сола нишон медиҳад, ки мақомоти Қирғизистон гуфтанианд, "ҳар касе кори раҳбарияти давлатро танқид мекунад, муҷозот мешавад".
"Ингуна иттиҳомҳои сохта боварӣ ба мақомотро коҳиш медиҳад ва парвандаҳои монанд ба парвандаи Жекшеналиев ба афзоиши норозигӣ дар ҷомеа муосидат хоҳанд кард", - навиштаанд ҳомиёни ҳуқуқи қирғиз.
Вазорати умури дохилии Қирғизистон рӯзи 15-уми август хабар дод, ки мудири саҳифаи "Полит Узник" дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук бозпурсӣ ва боздошт шудааст.
"Бозпурсӣ ба матлабҳое рабт дорад, ки дар саҳифаи "Полит Узник" дар Фейсбук нашр шудаанд. Тавассути ин матлабҳо бо мақсади фиреб додани мардум маълумоти дурӯғ паҳн карда мешавад", - омадааст дар баёнияи вазорат. Аммо вазорат дақиқ зикр накард, ки сухан дар бораи кадом матлаб меравад.
Ирис Жекшеналиев 14-уми август боздошт шуд. Пештар ӯ дар саҳифаи "Полит Узник" изҳороти ду сол пеши раиси пешини Кумитаи амнияти миллии ин кишвар Абдил Сеғизбоев дар робита ба кони ҷанҷолбарангези "Жетим-Тоо" нашр шуда буд.