Қодиров гуфт, се писари ноболиғаш ба ҷанги Украина рафтанд

Рамазон Қодиров

Президенти Чеченистон Рамазон Қодиров бо нашри видео гуфт, се писари ноболиғаш, ки хурдии онҳо 14 сол дорад, дар ҷанги Украина ширкат кардаанд.

Ба гуфтаи Қодиров, онҳо аз минтақае дидан карданд, ки дар ҳоли ҳозир "дар онҷо задухӯрдҳои шадид" идома доранд.

Ба гуфтаи Қодиров, Аҳмади 16-сола, Зелимхони 15-сола ва Одами 14-сола “ба наздикии мавзеъҳои душман рафта", ба низомиён мусоидат кардаанд. Дар видео садои тирпарронӣ шунида мешавад ва наврасон тирандозӣ мекунанд. Ба онҳо ҳамчунин иҷозат мешавад, ки навъҳои дигари силоҳро истифода кунанд.

Телеграм-каналҳои мухолифони Чеченистон навиштаанд, ки ин видео дар маҳалли задухӯрдҳо сабт нашудааст. Ба гуфтаи онҳо, маҳалли сабти навор ба маконе монанд аст, ки қаблан ҳайати духтари Қодиров ва вазири фарҳанги Чеченистон Оиша Қодироваро қабул карда буданд.

Конвенсияи Созмони Милал дар бораи ҳуқуқи кӯдак, ки Русия онро имзо кардааст, кишварҳоро муваззаф мекунад, аз ширкати мустақими шахсони зери 15-сола дар амалиёти ҷангӣ пешгирӣ кунанд. Иштироки наврасони аз 15-сола поин дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ҷинояти ҷангӣ маҳсуб мешавад.