Таҳқиқ: Толибон 27 асирро дар Панҷшер куштаанд

Ҷасади аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ

Як тарҳи пажӯҳишии мустақар дар Бритониё муайян кардааст, ки Толибон дар моҳи сентябри имсол 27 асирро дар Панҷшер куштаанд. Пештар иддао шуда буд, ки ин афрод дар ҷараёни амалиёти ҷангӣ ҷон бохтанд.

Бар асоси гузориши тарҳи пажӯҳишии “Шоҳидони афғон”, Толибон дар ҷараёни ҳамла ба ҷангҷӯёни Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар минтақае дар Панҷшер 27 нафарро асир гирифта, баъдан тирпаронӣ карданд.

Ба навиштаи “Ассошиэйтед Пресс”, омори куштани асирон аз тарафи Толибон аз чанд манбаъ ба даст омадааст.

Гуруҳи Толибон, ки беш аз як сол аст дар Афғонистон ҳукумат мекунад, хабарҳоро дар бораи куштани асирон дар Панҷшер рад мекунад.

Як рӯз пас аз нашри гузориш дар бораи куштани 27 асир дар Панҷшер, як мақоми аршади Созмони Миллл аз ин вилояти асосан тоҷикнишин боздид кард.

Абубакр Сиддиқ, сухангӯи волии Толибон дар Панҷшер, гуфт, Ричард Беннет, гузоришгари вижаи Созмони Милал дар умуми ҳуқуқи башар дар Афғонистон бо мақомоти Толибон дар ин вилоят дидор кард.

Вилояти Панҷшер як сол аст, ки дар баробари Толибон истодагарӣ мекунад. Дар ин дара нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба роҳбарии Аҳмад Масъуд бо Толибон меҷанганд.