HRW гуфт, шиканҷаи боздоштшудаҳо дар Изюм бахше "аз сиёсат ва нақша"-и артиши Русия буд

Ин боздоштшудаи собиқ ҳам аз азиятҳояш дар давраи ишғолгариҳои русҳо дар Изюм шикоят кард

Созмони Дидбони ҳуқуқи башар Human Rights Watch (HRW) дар изҳороти рӯзи 19-уми октябраш гуфт, шиканҷаву азияти боздоштшудаҳо дар шаҳри шарқии Изюми Украина дар давоми ним соли ишғолгарии он як бахши “сиёсат ва нақша”-и нирӯҳои Русия мебошад. Шаҳри Изюми вилояти Харкив моҳи феврал, баробари шурӯи ҷанги беасоси Русия алайҳи Украина ишғол шуд ва моҳи сентябр аз ҷониби артиши Украина озод гардид.

Дар ҳудуди шаҳр як гӯри дастаҷамъие ошкор гардид, ки дар он садҳо ҷасад ёфт шуд ва дастикам 30 ҷасад нишонаҳои шиканҷа дошт. HRW мегӯяд, “нирӯҳои русӣ ва онҳое, ки бо фармони онҳо амал мекунанд, дар давоми шаш моҳи ишғоли шаҳр пайваста даст ба шиканҷаи маҳбусон мезаданд”.

HRW бо беш аз 100 боздоштшудаи собиқ сӯҳбат ва маълум кард, ки пайвасткунӣ ба нирӯи барқ, дар об ғарқ кардан, латукӯби шадид, таҳдид бо силоҳ ва дар дарозмуддат дар ҳолати стресс қарор додани боздоштшудаҳо аз намунаҳои шиканҷа будааст. Онҳое, ки шиканҷаҳоро пуштисар карданд, дастикам ҳафт макон, аз ҷумла ду мактабро дар шаҳри Изюм номбар карданд, ки дар он ҷо боздоштшудаҳоро нигаҳдорӣ ва шиканҷа мекарданд.

Белкис Вилле, корманди HRW гуфт, ки “хушунатҳои бераҳмонаву азиятҳое, ки дар Изюм сабт шудаанд, ҳодисаҳои тасодуфӣ набуданд”. Вилле мегӯяд, бисёр боздоштшудаҳои собиқ дар баёноте, ки баъдан санҷидаву тасдиқ шуданд, аз ҳодисаҳои бадарфториву хушунате нақл карданд, ки чун “бахше аз сиёсат ва нақшаи” нирӯҳои Русия ва зертобеони онҳо ба кор бурда мешуд.